Журналист  на танҳо иттилоърасон, балки соҳибдилу соҳибзавқ бошад

Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари адабӣ баргузор гардид, ки дар он устоди шинохтаи адабиёт ва мунаққиди барҷаста — Урун Кӯҳзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора радиои “Садои Душанбе”  иттилоъ медиҳад.

Семинар бо ибтикори раёсати факултет ва дар ҳамкорӣ бо устодони кафедраи забон ва адабиёт роҳандозӣ гардид.

Мавзӯи асосии семинар “Нақши адабиёт дар ташаккули шахсияти рӯзноманигори муосир”  буд. Устод Урун Кӯҳзод зимни баромади худ ба аҳаммияти мутолиаи амиқи осори бадеӣ ва тарбияи завқи адабии рӯзноманигорон ишора карда, таҷрибаи шахсии худро низ бо донишҷӯён дар миён гузоштанд. Ӯ таъкид кард, ки “журналист  на танҳо иттилоърасон, балки соҳибдилу соҳибзавқ бошад, ки ин танҳо тавассути дӯст доштани адабиёт ҳосил мешавад”.

Дар рафти семинар донишҷӯён саволҳои гуногун дар бораи муносибати рӯзноманигорӣ ба адабиёт, роҳҳои рушди малакаи таҳлилӣ ва сабки бадеии навишт пешниҳод карданд, ки устод бо мисолҳои мушаххас ҷавобҳои муфассал доданд.

Устодон ва донишҷӯён аз баргузории чунин вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ карданд ва баргузории мунтазами чорабиниҳои илмию адабиро муҳим шумориданд.

Дар фарҷом, устод Урун Кӯҳзод донишҷӯёнро ба хониши пайвастаи осори классикону муосирони адибони тоҷик ва рушду парвариши фикри интиқодӣ даъват намуданд.

Шарофиддин Каримов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE