Аз табори омӯзгор

Ориф Абдулҳамидов баъди итмоми дабистони деҳа ва номаи камол гирифтан, бо азму иродаи қавӣ ва орзуву омоли чандсолаи дилаш роҳ сӯйи шаҳри бостонии Кӯлоб гирифта, ба қасди шикасти ҳавасҳои фурӯзандаву фаррох унвони донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгориро ба номаш ихтисос бахшида, риштаи физикаву ҳисобро интихоб намуда, бо ҳаваси зиёд, бидуни танафусу фосилаи фарохи раҳо кардан, тамдид бахшида, дар баробари донишҷӯёни пешгому пешқадами ин даргоҳи муқаддаси илмандӯзӣ унвон гирифт. Мавсуф таҳсилоташро сар азсоли 1967 оғоз бахшида, то соли 1972 поён бахшида, бо дипломи сурх ва сари болову ифтихори падару модари хеш ба зодгоҳаш меравад.

Падар худ, ки омӯзгори фанни физика буд, мехост фарзандаш мисли ӯ омӯзгори фанни физикаву ҳисоб бошад, чунин ҳам шуд. Падар ба орзуяш расид. Модар ҳам дар паҳлӯи падар аз ӯ дур набуда, дар дабистоне, ки он дарс мегуфт, фарош шуда, кор мекард. Модар ҳам ба тарбияи насли наврас баҳри тозагӣ ва зебопарастии фарзандон саҳмгузор буд.

Дар ҳақиқат, дуруст аст, ки бе математика ва физика ҳаёт вуҷуд надорад. Ҳисоб ин чизи муҳим аст дар зиндагӣ. Ҳамаи фанҳо бо ҳам робита доранд. Ҳаёти гузаштаву имрӯзаву ояндаи инсон ба физикаву математика вобастагӣ дорад. Ҳаётро бе фанҳои дақиқ тасаввур кардан номумкин аст. Сарвари давлат бо судури фармоне солҳои 2020 то 2040-ро давраи ”Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф дар кишвараш эълон кард. Дар ин фармон ҳадаф аз “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф дар Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон унвон шудааст.

Дар ҳақиқат, бояд синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла, физика, ҳисоб ва химия бо тамоми лавозимоту аёниятҳои дарсӣ, ки ба иқрори омӯзгори таҷрибасудаи фунуни дақиқи дабистони мазкур Ориф Абдулҳамид дар гузашта шогирдону хонандагони ин муассиса дар рафти сабақомӯзӣ аз ҳамчун ашёҳои зарурӣ фаровон истифода мебурдаанд ва рушду савияи дониши худ маълумоти кофӣ зам мекарданд, ҳоли ҳозир аз он дастгоҳҳо ва аёниятҳои дарсӣ асаре боқӣ намонда. Ин дар ҳолест, ки замони муосир талабу тақозои асри дақиқ ва рушди бемайлони техникаву техналогияи баландсураътро дорад.

Тавре ки Пешвои миллат аснои ҳар суҳбату вохӯриҳо ва мукаламаҳои худ бо қишри мухталифи ҷомеа ба шумули кормандони соҳаи илму маориф, омӯзгорону мутахассисони кордон таъкиду нома меварзад, ки асри феълиро бидуни фанҳои дақиқ ва техникаву технология тасаввур кардан аз доираи тафакур ва дарку шуур дур мемонад.

Ориф Абдулҳамид, ки худ касби падарро интихоб кард, фарзандон ҳам пайрави касби бобову падари хеш гаштанд. Манзура, духтараш, айни замон, директори Муассисаи таълимии умумии №12 – и ноҳияи Восеъро ба дӯш дорад. Падар ҳамеша дар паҳлӯяш маслиҳатгару маслиҳатчии ӯст ва боқимонда фарзандон ҳам дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар ҳамин соҳа кору фаъолият доранд. Фарзандон аз чунин падари номдору номбардори аҳли байти хеш мефахранд.

Даме, ки муаллим шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста. Ӯ барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт.

Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост. Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андухт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон муаллимро омӯзандаи алфози бузург наномид.

Ба устод Ориф Абдулҳамид, омӯзгори Муассисаи таълимии миёнаи умумии №12 – и ноҳияи Восеъ, пеш аз ҳама, барояшон саломатӣ, умри дарози бобобаракат ва дар фаъолияти корияшон муваффақиятҳои калонро таманно дорем.

Низорамоҳи МАҲМУД,

“Садои Душанбе”

 

Аз идора: Шумо метавонед шакли пурраи ин гуфторро дар барномаи “Ганҷинаи ҳастӣ”, имрӯз – 30.04.2021, соати 16:00 тавассути шабакаи “Садои Душанбе” гӯш кунед.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE