Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз мегардад
Шуруъ аз 10 май дар шаҳри Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») оғоз мегардад.
Хатсайрҳои дохилишаҳрии «Red Bus Tours» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ таҳия карда шудааст.
Дар доираи хатсайрҳо сокинону меҳмонон имкон пайдо менамоянд, ки бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд.
Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод намуда, барои болидахотирии меҳмонон бо ҷалби ҳунармандон фазои фарҳангиву фароғатӣ таъмин карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти мунтазамии хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» аз 10 май то моҳи октябри соли 2025 идома меёбад. Сайри пойтахт нахуст рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе амалӣ мегардад.
Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа «King Tour», «Somon Travel» ва «Diyor Travel» ҷалб гардидаанд.
Яке аз хатсайрҳо (рӯзҳои шанбе, соати 19:00) аз назди Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, ҳаракат дар самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», хиёбони Рӯдакӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», «Ориёнбонк», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Майдони Дӯстӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Маркази савдои «Садбарг», Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена», Майдони 800-солагии Москва, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдои «Пайкар», Иттифоқи нависандагон, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», «Кӯли ҷавонон» ва «Боғи Наврӯзгоҳ»-ро дар бар мегирад.
Хатсайри дигар (рӯзҳои якшанбе, соати 19:00 ) аз назди Майдони Дӯстӣ оғоз шуда, автобус дар масири кӯчаю хиёбонҳое, ки Бонки миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Истгоҳи роҳи оҳан, Маркази савдои «Садбарг», Меҳмонхонаи «Хилтон», кӯчаи Дӯстии халқҳо, кӯчаи Нисормуҳаммад – бинои Вазорати маориф ва илм, Боғи Куруши Кабир, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва), хиёбони Рӯдакӣ – Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бинои Парлумони Тоҷикистон, бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Чойхонаи Саодат, Боғи Ирам, Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани «Сиёма», Боғи Хайём, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Беморхонаи Шифобахш, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кули ҷавонон», Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ ва Майдони Дӯстӣ воқеъ мебошанд, ҳаракат менамояд.
Хатсайри ниҳоӣ (рӯзҳои шанбе, соати 16:00) дар масири Майдони Дӯстӣ, Нишони давлатӣ, Қасри миллат, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Маркази Исмоилия, «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва бозпас ба шаҳри Душанбе (Майдони Дӯстӣ) анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом бори нахуст соли гузашта амалӣ карда шуда, аз ҷониби доираи васеи сокинону меҳмонон ва сайёҳон бо хушнудӣ пазируфта шуда буд.
Ҷадвали хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours»
(шуруъ аз 10 май то 26 октябри соли 2025 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе)
Хатсайри сайёҳӣ Red Bus Tours | Рӯз ва вақти баргузорӣ | Рақами телефон | Ширкати масъул | Макони ҷамъшавӣ |
Душанбе – Қалъаи Ҳисор | Шанбе 16:00 – 18:30 | +992 111 992 992 | «Somon Travel» ва «Diyor Travel» | Майдони Дӯстӣ/ назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ |
Дохилишаҳрӣ (Душанбе) | Шанбе 19:00 – 20:15 | +992 111 500 500 | «King Tour» | Шаршараи Боғи Наврӯзгоҳ (Ипподром) |
Дохилишаҳрӣ (Душанбе) | Якшанбе 19:00 – 20:15 | +992 111 992 992 | «Somon Travel» ва «Diyor Travel» | Майдони Дӯстӣ/ назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ |
Рафти татбиқи хатсайрҳоро метавон тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) пайгирӣ намуд.