Дар Душанбе масъалаҳои вобаста ба вохӯрии вазирони корҳои хориҷии формати «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баррасӣ гардид

31 май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатии Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва тағирёбии иқлим Кирти Вардхан Сингҳ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, дурнамои минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо оид ба  масъалаҳои вохӯрии дар пешистодаи  вазирони корҳои хориҷии формати «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон», ки  5-6 июни соли 2025 дар Деҳлӣ пешбинӣ шудааст, мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE