МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БО ҲАМСОЛОНИ ХУД АЗ ҲИНДУСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН БОЗИҲОИ ДӮСТОНА АНҶОМ МЕДИҲАД

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

🤝 Аз 18 то 24 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор силсилаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад.

ℹ️ 18-уми июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 21-уми июн дар Ҳисор бозӣ миёни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ва ниҳоят, рӯзи 24-уми июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд.

🏟 Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE