Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо. Ҳамасола то 12 миллион тонна маводҳои пластикӣ ба уқёнус партофта мешавад
Уқёнус зиёда аз 70% сайёраро фаро мегирад. Он манбаи ҳаёти мост, ки барои одамон ва дигар организмҳои рӯи замин ғизо медиҳад. Тақрибан 50% оксигени сайёра маҳз аз Уқёнус ихроҷ мегардад. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ уқёнус нақши калон дорад. Тахмин меравад, ки то соли 2030 40 миллион нафар дар соҳаҳои марбут ба уқёнусҳо кор хоҳанд кард.
Тағирёбии иқлим ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво таъсири худро ба бузургтарин экосистемаи сайёра-уқёнус мерасонад. Тибқи маълумоти СММ уқёнусҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони бесобиқа дучор буда, аз ҷумла сафедшавии рифҳои марҷонӣ зиёд гардида, захираи моҳӣ кам мешавад. Олимони Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфераи ИМА бар он назаранд, ки ҳарорати сатҳи уқёнусҳо ба 21,1 дараҷа расидааст, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад. Олимон ҳушдор медиҳанд, ки болоравии ҳарорати уқёнус метавонад боиси ба амал омадани тӯфонҳои шадид ва обшавии пиряхҳо гардад.
Ҷиҳати ҳифзи уқёнусҳо имрӯз дар шаҳри Нитсаи Фаронса конфронси сеюми уқёнуси Созмони Милали Муттаҳид, оғоз гардид, ки он то 13 июн идома хоҳад кард. Интизор меравад, ки ҳафтаи музокирот бо қабули эъломияи сиёсӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи укёнус ба охир расад. Рифҳои марҷон, ки манбаъи асосии даромади сайёҳӣ аст, ба нестӣ меравад. Дар давоми даҳсолаҳои охир майдони рифҳо 12 ҳазор метри мураббаъ кам шудааст. Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 эҳтимол аст, то 90% дарсади рифҳои марҷонӣ нобуд гардад. Нестшавии рифҳои марҷонӣ метавонад барои гуногунии биологӣ, амнияти озуқаворӣ ва устувории иқлим оқибатҳои ногувор дошта бошад.
Ба андешаи олимон Уқёнус беш аз 90 дарсади гармии зиёдатиро аз партовҳои газҳои гулхонаӣ ба худ мегирад. Зиёд гардидани партобҳои пластикӣ ба уқёнусҳо яке аз мушкилоти дигарест, ки боиси талаф ёфтани ҷонварони обӣ мегардад. Тибқи арзёбии иқлимшиносон ҳамасола то 12 миллион тонна маводҳои пластикӣ ба уқёнус партофта мешавад. Зиёда аз 60 дарсади экосистемаҳои баҳрӣ ғайримустақим истифода мешаванд.
Дар назар аст, ки конфронси сеюми уқёнуси Созмони Милали Муттаҳид талошҳоро барои ҳифзи 30 дарсади уқёнус то соли 2030 афзоиш диҳад ва харитаи роҳ барои декарбонизатсияи нақлиёти баҳрӣ низ таҳия гардад. Бино ба маълумоти СММ зиёда аз се миллиард нафар барои зиндагии худ аз гуногунии биологии баҳрҳо вобастаанд. — ҳадафи ин саммит низ зиёд кардани маблағгузорӣ барои иқтисоди «кабуд» мебошад.