Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

Дар оғози мулоқот Қоҳир Расулзода саломи гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбари кишвараи Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расонд.

Ҷонибҳо масъалаҳои кунунии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олиро баррасӣ карданд.

Сатҳи олии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи бадастомада бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми тиҷорат ва ҳамлу нақли бор меафзояд, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, электротехника, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мегарданд.

Робитаҳои судманди байниминтақавӣ ва табодули фаъоли фарҳангию гуманитарӣ ба роҳ монда мешавад.

Аҳаммияти ташаккули рӯзномаи нави иқтисодии шарикӣ, таҳияи тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди фаъолонаи лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE