Сухтор дар Амрико: Мақомот сокинонро ба ҷойҳои амн интиқол медиҳанд

Дар иёлоти Ню-Мексикои ИМА ҳазорҳо нафар дар пасманзари сӯхтори ҷангалзорҳо кӯчонида шуданд. Тавре хабаргузории “Синхуа” дар такя ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ иттилоъ медиҳад, интиқоли сокинон ба ҷойҳои амн дар ҳолест, ки хатари паҳншавии сухтор ба маҳалаҳои аҳолинишин зиёд гардидааст.

Губернатори Иёлоти Ню-Мексикои ИМА, Мишел Лужан-Гришам рӯзи шанбе дар як брифинги онлайнӣ гуфтааст, ки сухтори ҷангал метавонад ба 33-музофоти ин иёлот таҳдид кунад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки алакай дар панҷ музофот вазъияти изтирорӣ эълон шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE