Ҳамагӣ 13420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид

Соли 2025 дар самти назорати истифодаи замин дар кишвар аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагӣ 13420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршудаи қонунвайронкунӣ 12218 дастур дода шуда, нисбати 11677 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз 7001311 сомонӣ маблағи ҷаримабандӣ шуда, 5892557 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид. Дар ин бора  Ориф Хоҷазода -раиси Кумитаи мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба маълумоти масулин, ҳамчунин, барои додани баҳои ҳуқуқи 1035 мавод ба прокуратура ва 927 адад ба иҷрочиёни хадамоти иҷро ирсол ва 10066 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шудааст.

Зикр рафт, ки дар давраи ҳисоботи нозирони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ 107 ҳолат, кумитаҳои идораи замини вилояти Хатлон 5670 ҳолат, Суғд 4807 ҳолат, ВМКБ 451 ҳолат ва кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2385 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намудаанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас аз ҷониби нозирони кумитаи идораи замини вилоятҳои Хатлон 4910 ҳолат, Суғд 3267 ҳолат,  ВМКБ 385 ҳолат ва аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1504 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Т. Сатторов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE