Ғолибони озмуни аттестати аълои универсалӣ муайян шуданд

Дар шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид, ки дар он 30 нафар хонандагони ҷумҳурӣ дар равияи гуманитарӣ-табиӣ сазовори медали тилло шуданд. Дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмуни мазкур 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуда, инчунин 4 нафар хонандагон сазовори медали нуқра шуданд. Дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуданд. Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардиданд. Инчунин дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра соли 2023 дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE