Сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-26 июли соли 2025 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар доираи ин сафар мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ дар назар аст. Инчунин баимзорасонии як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.