Шумораи умумии донишҷўён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5092 нафарро ташкил медиҳад
Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст, зикр гардид, ки дар академия мувофиқи талабот ихтисосҳо бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ташкилу ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи қоида онҳое ба гурӯҳҳои англисиву русӣ ҷалб мегарданд, ки дониши забондонӣ дошта бошанд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — муассисаи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, дар омода намудани мутахасисони самти идоракунии давлатӣ нақши бориз дорад. Шумораи умумии донишҷўён ва магистрантони Академия 5092 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1058 нафар тариқи бучавӣ 4034 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар ин даргоҳ имрӯз нишасти матбуотӣ доир гардид, ки рӯзноманигорон ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти академия саволу пешниҳодҳои худро манзур карданд.
Зимни нишаст зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар Академия 374 нафар (50,0%) омўзгорони дорои унвон ва дарачаи илмӣ, аз ҷумла: доктори илм, профессор 37 нафар, номзади илм, дотсент 95 нафар, номзади илм, муаллими калон 55 нафар, муллими калон (бе унвон) 53 нафар ва ассистент (бе унвон) 134 нафарро ташкил медиҳанд ва роҳбарияти академия мегуяд, кушиш ба харҷ медиҳанд, кисафи омӯзгоронро аз ҳисоби хатмкардагон зиёд кунанд.
Дар баробари кушишу ғайрати омузгорон дастовардҳои гуногун низ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад. Чуноне ки иттилоъ доданд, дар шашмоҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби ҳайати профессорону омўзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 монографияи илмӣ, 5 китоби дарсӣ, 29 адад воситаи таълимӣ ва дастури таълимӣ омода ва ба табъ расонида шудааст.Дар маҷмуъ натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва фаъолияти илмӣ-оммавии ҳайати устодону профессорони Академия дар давраи ҳисоботӣ 545 адад маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишориро ташкил медиҳад.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе