Дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 160 адад, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд
“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба маблағи 447,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 126,7 миллион сомонӣ зиёд буда, ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2,6 миллион доллари амрикоӣ нисбатан зиёд маҳсулот содирот намуданд”. – дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сафар Олимзода – раиси ноҳияи мазкур иттилоъ дод.
Дар ҳудуди ноҳия 160 адад, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад корхона, зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаҳои ҳудуди ноҳия истеҳсоли 37 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Рушди соҳаи саноат 131,6 фоизро ташкил медиҳад.
Барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар 5 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар ин давра 4200 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбати соли 2024, 63 ҷой зиёд мебошад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе