Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд
18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат ба самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, Нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд.
Дар ин зимн корҳои анҷомдодаи Котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шуд.
Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти Созмон, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ — коммуникатсиониро махсус қайд карданд.
Дар ин баробар муҳимияти пурзӯр намудани корҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудааст, таъкид гардид.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.