Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мулоқот намуданд
18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид карданд.
Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.
Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.
Дар хотима Пешвои миллат ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар корҳояшон муваффақият ва ба мардуми бародари ӯзбек сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу карданд.