Дар Тоҷикистон назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда пурқувват карда шуд
Шуруъ аз имрӯз, 1 сентябр назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда, бахусус дар хати дуюми ҳаракати роҳ (ба истиснои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ва «Хадамоти оташнишонӣ») шадидан сахттар карда мешавад. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои истгоҳ ронандаи воситаи нақлиёт мутобиқи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, худи воситаи нақлиёт фавран ба майдони махсуси нигоҳдорӣ барои муҳлати тӯлонӣ равона карда мешавад.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсию давлатӣ ва хизматӣ дар пойтахти мамлакат, шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ қатъиян даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро бо маърифату масъулияти баланд риоя намоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон