Ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори «Меҳргон»
Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе , дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид.
Дар доираи ярмарка, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ бо нархҳои дастрас ба сокинон пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла нархи
Сабзӣ – 1 кг 3 сомонӣ
Картошка – 1 кг 3,5 сомонӣ
Пиёз – 1 кг 1,5 сомонӣ
Гӯшти гов – 1 кг 65 сомонӣ
Равғани растанӣ – 75 сомонӣ
Орди навъи якум – 180 сомонӣ
Орди «Машъал» – 190 сомонӣ
Биринҷ – 1 кг 6 сомонӣ
Шакар – 1 кг 9 сомонӣ
Макарон – 1 кг 7 сомонӣ
Инчунин, маҳсулоти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Тоҷикматлубот ва вилояти Суғд низ ба ярмарка оварда шуда, бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Мақсади асосии ташкили чунин ярмаркаҳо бо мақсади дастгирии аҳолӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва коҳиши нархҳо дар остонаи ҷашни Истиқлолият мебошад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе