Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор доданд

 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара шинос шуданд.

Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.

Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.

Ин осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши бориз мегузорад.

Ба иттилои таърихшиносон, кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамон пайдо гардид, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудаанд.

Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуданд.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.

Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 миллион сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд.

Омӯзиши мавзеъҳои таърихии ҳудуди ҷумҳурӣ, махсусан, осори давраи асри санг дар замони соҳибистиқлолӣ вусъати тоза пайдо намуд.

Маҳз бо ташаббусҳои фарҳангдӯстона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихии кишвари мо бо ҷалби бостоншиносони дохиливу хориҷӣ мавриди омӯзиш ва эҳё қарор дода шуд.

Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи он аст, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE