Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ иштирок намуд

14 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9 сентябри соли раовн ба вуқуъ пайваст, инчунин вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар намуданд.

Зимни нишаст аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии Саммити изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ (15 сентябри соли 2025, Давҳа) мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE