Эмгузаронӣ – роҳи наҷоти кӯдакон аз гирифторшавӣ ба вирусу бемориҳо

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии чумхурии Токистон, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» то 20 феврали соли ҷорӣ дар саросари кишвар рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Гузаронидани чорабинии мазкур барои ҷалб намудани диққати аҳолӣ ба иммунизатсия ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Яъне мақсади  асосии он  ин пешгири намудан, муҳофизат кардани кӯдакон аз сироятёбӣ ба маризиҳо, аз ҷумла бемории фалаҷ мебошад.

Тибқи иттилои масъулини соҳа иммунизатсия ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатети В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гемофилии типи b,гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ барои кӯдакону наврасони навзод ва то 6 – сола пешбинӣ шудааст.

Файзалӣ Саидзода, сарвари Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, устувор намудани системаи иммунизатсия ҳоло ҳам масъалаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. Тавре ӯ дар суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” гуфт, мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол тахминан 600 000 тифлон дар минтақаи аврупоии ТУТ иммунизатсияи давриро намегиранд. Дар ин замина, то ҳол кўдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.

“Саломатии кӯдакон аз хизматрасонии системаи тандурустӣ, ки иммунизатсияи бехатар, самарабахш ва камарзишро таъмин мекунад, вобаста мебошад. Бояд гуфт, ки фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад”, – мегӯяд Файзалӣ Саидзода.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва пешравиҳои соҳаи тандурустӣ соли 1999 бемории фалаҷ дар мамлакат маҳв карда шуд. Соли 2000 Тоҷикистон соҳиби сертификати Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ- «Давлати озод аз бемории фалаҷ» гардид.

Бино ба маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд. Аз ин хотир, барои пешгирии сироят аз он ҳар як мамлакат барномаи миллии худро қабул ва татбиқ менамояд. Ғайр аз ин, яке аз роҳҳои асосии пешгирии мубтало шудан ба ин беморӣ ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад.

Иммунизатсия ин равандест, ки тавассути он шахс масуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад. Дар шаҳрҳо иммунизатсия аз ҷониби марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои тибби оилавӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд, дар деҳот аз ҷониби марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ гузаронда мешавад. Барои иммунизатсияи минтақаҳои дурдасти аҳолинишин гурўҳҳои сайёр ва мобилӣ аз ҳисоби кормандони тиббӣ шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ташкил карда мешаванд.

Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст. Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро «фалаҷи абортивӣ» меноманд. соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба сертификатсия такроран ҳамчун давлати аз бемории фалаҷ озодшуда эътироф гардид.

Тавре ки сарвари Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Файзалӣ Саидзода иброз дошт, солҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории фалаҷ ба қайд гирифта нашудаанд. “Ин бевосита собит менамояд, ки чорабиниҳо барои тасдиқи мақоми ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дуруст ба роҳ монда шудаанд”, – гуфт номбурда.

Дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ  ташкил ва гузаронида мешаванд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE