Тағйиротҳо ба низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Соли сеюм аст, ки дар саросари кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар баргузор карда мешавад. Сол аз сол ба раванди озмуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, он пурра мегардад ва қишрҳои бештари ҷомеаро фаро гирифта истодааст.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён соли ҷорӣ низ дар низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як қатор дигаргуниҳо ворид карда шудааст. Тавре номбурда таъкид дошт, имсол дар навбати аввал шумораи ғолибон бештар карда шудааст.

Муҳаммаддовуд Саломиён ҳамчунин изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар баробари иштирокчиён, заҳмати омӯзгорон низ ба назар гирифта шуда, устодони роҳнамои ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд. Муовини авали вазири маориф ва илм дар робита ба ин масъала афзуд, ки бар замми ин, волидони ғолибони озмун низ бо унвони сарисинагии «Маърифатпарвар» қадрдонӣ мегарданд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Муҳаммаддовуд Саломиён дар соли 2021 тибқи низомномаи нави озмун, ғолибони солҳои қаблӣ ҳуқуқи иштирокро то се соли дигар надоранд. Ҳамзамон, мувофиқи низомномаи нави озмун ва тибқи Амри Президенти ҷумҳурӣ барои ғолибон ва соҳиби шоҳҷоизаи озмун имтиёзҳои дигар низ дода мешавад, ки он ба гуфти муовини аввали вазири маориф барои ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхониву китобдӯстӣ мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки тибқи Амри Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти кишвар, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, 2835000 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

Садои Душанбе

 

НИЗОМНОМАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE