Шӯрои ВАО: Ба журналистон зиёфат ва тӯҳфаву пул надиҳед

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар мавриди нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ бо муроҷатномае ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатие, ки нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд, ҷомеаи расонаӣ, рӯзноманигорон ва расонаҳои Тоҷикистон талаб кардааст, ки минбаъд нишастҳои матбуотӣ соле 4 маротиба, яъне, баъди ҳар се моҳ баргузор карда шаванд.

Дар матни ин муроҷиатнома, ки дар саҳифаи расмии Шӯро дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва сомонаи он нашр шудааст, омадааст: “Дар Тоҷикистон анъанаи хуби баргузор шудани нишастҳои матбуотӣ, ки сари ҳар шаш моҳ доир мешаванд, намунаест, ки дар кишварҳои дигари минтақа вуҷуд надорад. Ин иқдом бо амри Президенти Тоҷикистон амалӣ гардид, ки дастрасии расонаҳо ва рӯзноманигоронро дар Тоҷикистон ба иттилои дақиқ аз ашхоси аввали вазорату идораҳо бояд таъмин намояд. Аз сӯйи дигар, баргузории нишастҳои матбуотӣ, усули демократии гузоришдеҳ (ҳисоботдиҳанда) будани давлату ҳукуматро дар баробари ҷомеа таъмин намуда, эҳтиром ба арзишҳои демократиро ҳамчун меъёри конститутсионӣ тазмин мекунад.

Бояд махсус зикр кард, ки дастрасӣ ба иттилоъ, хусусан иттилои расмӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умдаи давлат ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба шумор меравад. Таъмини шаҳрвандон ба иттилоъ, хоса иттилои дақиқ аз сарчашмаҳои муътамади милливу ватанӣ яке аз масъулиятҳои қонунии давлат буда, барои ҳифзи фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ бисёр муҳим аст.

Дар замоне, ки дар минтақа ва ҷаҳон ҷангҳои иттилоотӣ ба гунаи фаъол давом доранд, ҳаводиси солҳои ахир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ин набардҳои иттилоотӣ хеле зарар мебинад. Зимнан, дастрасӣ ба иттилои дақиқ ва таъмини ҷомеа ба он яке аз ниёзҳои шадид буда, имкони ҳифзи амнияти миллӣ ва иттилоотиро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи муассир аз нишастҳои матбуотӣ ва дар шаклу қолаби ҳирфаӣ ва муосир баргузор намудани ин нишастҳо, барои ба даст овардани ҳадафҳое, ки дар муқаддимаи ин муроҷиатнома зикр шудаанд, мусоидат мекунад. Воқеан, дар замони бисёр шудани хабару хабаррасониҳои бардурӯғ (фейкӣ) ва коҳиш ёфтани теъдоди матолиби босифат ва ҳирфаӣ ин иқдом бисёр пураҳаммият мебошад.

Бо дар назардошти ин ва дигар падидаву равандҳое, ки солҳои ахир дар баргузории нишастҳои мутбуотӣ ба назар мерасад, Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои муассиртар ва ба нафъи ҷомеа доир кардани нишастҳо, муроҷиатномаи мазкурро қабул кард.

Ба Дастгоҳи иҷроия ва вазорату идораҳо:

– Дар оғози содир шудани амри баргузории нишастҳо, онҳо ҳар се моҳ баргузор мегардиданд. Аммо баъдтар ниҳоди масъули баргузоркунандаи ин нишастҳо (Шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон) барои сабуктар кардани кори худ, пешниҳод кард, ки нишастҳо на ҳар се моҳ, балки ҳар шаш моҳ баргузор шаванд. Вале зарурати шадиди ҷомеа, ҳам аз лиҳози эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳам аз лиҳози равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ба иттилоъи дақиқ сарфи назар шуд. Ҳоло зарур аст, ки ҳамон таъиноти аввалӣ, яъне ҳар се моҳ баргузор кардани нишастҳо дигарбора барқарор шавад;

– Нишасти матбуотӣ, ҳамчун яке аз қолабҳои иттилоърасонӣ ва маъмул дар дунё қолаби вижаи худро дорад. Яъне, ниҳоди баргузоркунанда мавзуъ ё ҳадафи нишастро шарҳ медиҳад ва рӯзноманигорон суол пешниҳод карда, аз нафари масъул посух мегиранд. Аммо ин қолаб солҳои охир дар нишастҳои матбуотӣ риоя намешавад ва бештари ниҳодҳо вақти барои нишаст ҷудошударо бо хондани ҳисобот пур мекунанд ва фурсат барои суолу ҷавоб хеле кам боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, зарурат аст, ки ниҳодҳо ҳисобот ва матни суханронияшон барои нишастро пешакӣ ба расонаҳо фиристанд, ё дар сомонаҳои расмиашон ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд, то вақти барои нишаст ҷудошуда барои саволу ҷавоб кифоят кунад. Воқеан, чунин таҷриба дар бархе ниҳодҳои камшумори давлатӣ ҳоло роиҷ аст;

– Бисёр муҳим аст, ки дар нишастҳо шахсони аввали ниҳодҳо ширкат кунанд ва ин бояд меъёри ҳатмӣ бошад. Агар бо далелҳои бисёр ҷиддӣ шахси аввал ширкат намекунад, ин нукта ба рӯзноманигорон бояд ба таври асоснок дар нишастҳо тавзеҳ дода шавад;

– Шахсони аввал ва ниҳодҳои нишастбаргузоркунанда, бояд каромати инсонӣ, арзишҳои демократӣ ва умумиинсонӣ, фарҳанг ва вижагиҳои миллиро ба назар гирифта, ҳангоми бархӯрд бо рӯзноманигорон ва зимни посух додан ба суолҳо бояд муаддабона рафтор кунанд ва дар посух гуфтан масъулона, садоқатмандона ва қонунмадорона муносибат карда, посухҳои мушаххасу дурустро пешниҳод намоянд;

– Ниҳодҳои давлатӣ аз нишастҳои матбуотӣ бо ҳадафҳои таблиғотӣ, чеҳрасозӣ ва дигар ҳадафҳое, ки мухолиф ба меъёрҳои инсониву қонунӣ мебошанд, худдорӣ карда, барои рӯзноманигорон ва расонаҳо имтиёзҳо пешбинӣ накунанд. Мутаассифона ҳоло мешунавем, ки дар бархе вазорату идора ва шаҳру ноҳияҳо ба журналистон пул ва ё туҳфаҳои дигар медиҳанд, ки ба холисона пешниҳод шудани иттилоъ таъсири манфӣ мерасонад;

– Дар поёни нишастҳои матбуотӣ аз додани зиёфат ба рӯзноманигорон худдорӣ кунанд;

– Ниҳодҳои давлатӣ, обрӯи байналмилалии Тоҷикистон, эътимод ба давлату ҳукумат дар ҷомеа, ва рушди давлатдориии миллиро ба назар гирифта, ба нишастҳои матбуотӣ омодагии ҷиддӣ ва комил бигиранд ва масъулона муносибат кунанд;

– Гузашта аз ин, ниҳодҳои давлатӣ танҳо баргузор шудани ин нишастҳоро меъёр қарор надиҳанду дар сурати ба миён омадани мавзуъҳои муҳим, ҳассос ва сарнавиштсоз, барои рӯзноманигорон нишастҳои матбуотӣ ва ё брифингҳо баргузор кунанд ва мавзуъҳоеро, ки сабаби ба миён омадани овозаву сару садоҳо шудаанд, ё ҷомеаро ба сардаргумӣ мебаранд, шарҳ диҳанд;

– Мисолҳое ҳам вуҷуд доранд, ки масъулини бархе аз ниҳодҳо пас аз нишастҳои шашмоҳаи матбуотӣ ба саволҳои кормандони ВАО посух намедиҳанд, ё маълумоти заруриро пешниҳод намекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки гӯё масъулияташон фақат дар нишастҳои хабарӣ анҷом меёбад. Бояд ин тасаввури нодуруст ислоҳ гардад;

– Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ тавре таҳия шавад, ки журналистон имкон ёбанд дар онҳо ширкат намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан дар як рӯз 10-12 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад ва ҳамкасбони мо имкони иштирок дар онҳоро аз даст медиҳанд. Ин ба сифат ва мӯҳтавои нишастҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ба ҷомеаи расонаӣ ва рӯзноманигорон:

– Рӯзноманигорон ва намояндаҳои расонаҳо дар нишастҳои матбуотӣ, бо эҳтиром ба арзишҳои касби рӯзноманигорӣ ва пойбандӣ ба усулу меъёрҳои ҳирфаӣ, дар нишастҳои матбуотӣ масъулона ширкат ва рафтор кунанд;

– Дар нишастҳои матбуотӣ, ахлоқи инсонӣ, рӯзноманигорӣ ва назокатҳои фарҳанги миллиро риоя кунанд;

– Роҳбарони расонаҳо ва рӯзноманигорони варзида, талош кунанд, ки ҳадди аксар дар нишастҳои матбуотӣ худашон ширкат кунанд ва фазои нишастҳоро ҷиддитару ҳирфаитар намоянд;

– Ба дар назар гирифтани тангии вақт дар нишастҳои матбуотӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳамкасбони дигар, танҳо савол диҳанд ва посух гиранд. Аз пешниҳоди масоили шахсӣ, додани машвартҳо ба роҳбарони ниҳодҳо (бо ҳадафи ҷалби тавваҷҷуҳи вазирону раисон) ва тақдими ҳар гуна тӯҳфаву китобу нашрияву василаҳои дигар худдорӣ кунанд;

– Аз пурсидани суолҳое, ки манфиати шахсии рӯзноманигор ё гуруҳии расонаро дар бар мегирад, сарфи назар кунанд ва суолҳоеро матраҳ кунанд, ки аҳаммияти баланди иҷтимоӣ доранд ва барои ҷомеАву давлат заруранд;

– Роҳбарони воситаҳои ахбори омма ба нишастҳои матбуотӣ танҳо рӯзноманигоронеро фиристанд, ки дониши касбӣ доранд, мавзӯи нишастро медонанд ва барои нишасти матбуотӣ омодагии қаблӣ дидаанд. Аз фиристодани рӯзноманигорони навкор ё таҷрибаомӯз худдорӣ кунанд. Албатта рӯзноманигорони навкор ва таҷрибаомӯз метавонад барои гирифтани таҷриба ширкат кунанд, вале аз матраҳ кардани суол ва мавзӯе, ки сарфаҳм намераванд, худдорӣ варзанд;

Мо мутмаинем, ки ба назар гирифтани пешниҳодоти мазкур барои касбӣ сурат гирифтани нишастҳои матбуотӣ ва ба ҳадафҳои асосии ташкили ин иқдом мусоидат хоҳанд кард.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE