Душанбе: баргузории Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз»
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Суруди сарбоз» Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона доир гардид.
Дар ҷамъомад ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар доираи Фестивали дӯстии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии пойтахт таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам”, ки 17-22 феврали соли 2021 ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардида буд, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳамин тариқ, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, гӯштини миллӣ, волейбол, футболи хурд, варзиши сабук байни сарбозону афсарон ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамаи иштирокчиёни Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Суруди сарбоз”, ки ҳайати онро сарбозону афсарон ва кормандони мақомоти қудратӣ ташкил медоданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дастовези таронаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ватан-модар, ваҳдату истиқлол, дастовардҳои кишвар дар низоми қудратӣ буд, дар иҷрои сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва аҳли фарҳанги пойтахт идомабахши Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур доираи васеи сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мехмонон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарият, афсарону сарбозон ва кулли низомиёни сохторҳои қудратиро ба муносибати 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона шодбош гуфт.
Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу созгори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба ин соҳаи муҳими кишвар таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Зикр шуд, ки ин рӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ буда, бузургтарин вазифа — сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳо шароити хуби хизмат фароҳам оварда мешавад.