Кӯлоб: Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

22 феврал дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ доир карда шуд. Ҳамоиш бо иштироки афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода иштироккунандагонро ба муносибати солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар душвортарин марҳилаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаанд, воқеан мактаби бузурги ҷавонмардӣ ва ҷасорату ватандӯстиянд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол сарзаминест, ки дар он зану фарзанд, модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунанд. Сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Дар хатми ҳамоиш як зумра фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфоз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE