Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза дар байни аҳолӣ, хусусан кӯдакону наврасон ва сокинони биноҳои баландошёна корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиш додани хатари оқибатҳои заминларза доир шуд.
Зимни вохӯриҳо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон дар бораи хусусияти заминларза, қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ларзиши замин, тарзи дурусти тарк кардани бино, интихоби ҷойҳои амн ва расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон маълумот доданд.
Иброз гардид, ки заминларза ҳодисаест, ки ба таври ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва дар аксар маврид одамонро ба таҳлука меорад. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолатҳо зимни рух додани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш инсонҳо бояд ба он омода бошанд.
«Вақте шумо таконро эҳсос кардед, дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд ё чизу чора аз боло ба поён меафтанд, фавран аз хона берун бароед. Шумо вақти хеле кам доред, аз аввалин эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония мавҷуд аст», — изҳор гардид зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва Синои пойтахт.
Барои аз бино берун шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода баред ва ҳаргиз ба лифт нашинед. Зеро имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин метавонад ба ҷонатон хатар дошта бошад.
Оромиро ҳифз намоед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро натарсонед. Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар рафта, дар фазои кушод қарор гиред. Агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар: зери деворҳои дохили бино ва дар кунҷи хона истед. Агар имкон бошад, дар зери миз паноҳ шавед.
Зимни вохӯриҳо ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар хона катҳои хоби худ ва фарзандонашонро аз назди тирезаҳо дуртар ҷойгир намоянд. Ҳамеша дари ҷевони хонаро пӯшанд. Ашёи шикананда ва вазнинро дар болои ҷевонҳо тавре ҷо ба ҷо бояд намуд, ки агар афтанд ҳам, ба касе осеб нарасонанд.
Ҳар нафар дар хона бояд манбаъҳои қатъи қувваи барқ, газ ва обро донад, то дар сурати ҳодисаи ногаҳонӣ тавонад фавран онҳоро бандад.
Ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд дар ҷойи аниқ бошанд, ки дар мавриди зарурат барои кофтани онҳо вақт сарф нашавад.


 
							 
							