ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО) ДАР ШАҲРИ ТЕҲРОН
28-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромад Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. нақши назарраси Тоҷикистонро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қайд карда, дар масъалаҳои ҳамкории амнияти минтақавӣ, саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои ЭКО ва самтҳои эҳтимолии шарикӣ барои ҳалли мушкилоти муштарак ибрози андеша намуд.
Мавриди қайд аст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андешидани тадбирҳо оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, стратегияҳои идоракунии офатҳо ва бӯҳронҳо, густариши ҳамкории вилоятӣ ва наздисарҳадӣ, идоракунии раванди муҳоҷират ва амнияти сарҳад, ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои нави технологӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Манбаъ: ВКД ҶТ

