Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо Наталя Герман

23 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувори минтақа, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE