Шаҳри Панҷакент мизбони ҳамоиши байналмилалӣ
Имрӯз дар шаҳри Панҷакент конфронси байналмилалии “Ҳунари сӯзанидӯзӣ” бо ҳузури шуморе аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Анвари Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд тайи суханрониаш бисёре аз ҳунарҳои дастии тоҷикон, аз ҷумла сӯзанидӯзиро “яке аз ҳунарҳои қадимӣ ва шоистаи мардуми тоҷик” хонд. Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Суғд, “ба расмият шинохтани ин ҳунар дар арсаи ҷаҳонӣ боиси ифтихор аст”.
Абдухолиқи Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент сафари ахири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакентро созанда хонд ва онро дорои аҳамияти боло қаламдод кард. Шаҳрдори Панҷакент гуфт, “маҳз бо таваҷҷуҳи роҳбари давлат ин ҳунарҳо рушд меёбанд”.
Дар идомаи ин ҳамоиш, шуморе аз намояндагон аз Бозори байналмилалии ҳунармандии Санта Фа, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки “густариши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ бозгӯ тамаддуни бостонии мардуми тоҷик мебошад”.
Бахтовари Шарифӣ, “Овози тоҷик”

