Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид

 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир нусхаҳои эътимодномаҳояшро ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Максимилиан Ҳенниг супорид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд байни  Тоҷикистону Австрияро таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE