Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард

 Дастаи Тоҷикистон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025), ки маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони 14 декабр  баргузор гардид, 51 медал ба даст овард. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.

Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазир — Вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ғафорзода иштирок намуда, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд.

Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE