МЕҲРГОН – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…
Аз таърихи таҷлили Ҷашни Меҳргон
Дар замони истиқлол Иди Меҳргон баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.
Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои ориёнажод расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад.
Ҷашни Меҳргон ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд.
Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.
Аз таърихи кишоварзии миллат
Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд
Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст
Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳо мардуми ориёинаҷод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёишиМеҳр ё Митро ва рамзи,аҳду паймонва дӯстиву муҳаббати ойини,меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо тақдим менамуданд.
Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд.
Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.
Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид.
Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд.
Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Баъд аз таҷлили бо тантана дар шаҳру вилоятҳо деҳқонони кишвар ҳамасола дар боғи Фарҳангиву фароғатии ба номи А Фтрдавсии шДушанбе сарҷамъона бо сокинону меҳмонони пойтахти азизамон Ҷашни Меҳргонро таҷлил мекунанд.
Онҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.
Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони шаҳру навоҳии Ҷумҳурӣ гардонида мешавад. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешавад, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршукӯҳи имрӯза ба боғ гурӯҳ-гурӯҳ ворид шуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебаранд.
Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар.мегузоштанд.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.
Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол дар моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Хулоса
Ҷашни Меҳргон ҷашни миллии тоҷикон аст ки дар тули таърих ҳар куҷое рафтанд бо худ расму оинҳои онро бурданд.Имруз дар бисёре аз мамлакатҳои олам Наврузу Меҳргону Сада таҷлил карда мешавад
Ин ҷашн имсол рӯзи 20 октябр дар боғи ба номи Абулкосим Фирдавсии ш Душанбе таҷлил карда мешавад. Онҳое ки аз Шумо имконият доранд метавонанд дар инҷо иштирок намуда ба шодии марди деҳқон шоди биафзояд.
Фирӯз Каримзода,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”