Модари санъати тоҷик

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, модари санъати тоҷик ва фалаксарои беҳамто Гулчеҳра Содиқова дар зиндагӣ зани хушбахт, боҳунар, дилкушод, зебо ва қавиирода аст. Ӯ 31 октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳунарнамоиро аз сини хурдсолӣ, оғоз кард.

Гулчеҳра ҳанӯз дар синфи дуюм мехонд, ки миёни мардум бо унвони “Гулчеҳраи фалакхон” ном баровардаву дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месуруд. Одат Аз хурдӣ одат надошт қалби касеро шиканад. Худи ӯ мегӯяд, наметавонистам сухани касеро рад намоям, зеро мардум ба ин чиз одат карда буданд. Баъд аз чанд маъракае, мардуми деҳа дигар ба суроғи ҳунармандони бегона намерафтанд ва ман маҳфилорои онҳо будам.

Дар ҳамон айём Гулчеҳра Содиқова дар озмуни фалаксароён ширкат карда, ҷои аввалро сазовор гардид. Баъд аз як моҳ ӯро ба Душанбе даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷои аввалро соҳиб шуд. Акнун мебоист озими Маскав мешуд. Вале, чуноне худ дар як суҳбат изҳор медорад аз тарси ҷон ба Русия сафар накард.

Гулчеҳра Содиқова дар синфи нӯҳум мехонд, ки ба хонаводаи хешу ақрабояш келин мешавад. Ба гуфти худи ҳунарманд, ӯ синфи 9-10-ро дар хонаи ҳамсараш ба итмом расонидааст. “Ҳамсарам дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ ба ман кӯмак мекард. Ман хушбахттарин зан будам, ки чунин ҳамсар доштам”, – ба ёд меорад, Гулчеҳра Содиқова.

Чун ҳамсараш худ инсони фарҳангӣ буд, ба овозхонии Гулчеҳра зид набаромад ва баръакс дар роҳи санъат дастгириаш кард. Дар ҷое Гулчеҳра ҳамсарашро ҳатто устоди аввалини худ мехонад.

Гулчеҳра Содиқова соҳиби панҷ писар аст, ки ҳамагон роҳи санъатро пеш гирифтаанд ва аз ӯҳдаи навохтани созҳои милливу муосир ба хубӣ мебароянд. Ӯ якҷоя бо шавҳару хондаон ансамбли хонаводагии “Орзу” – ро созмон дод, ки раҳбари гурӯҳ аввал ҳамсараш ва пас аз сари ӯ писари калониаш – Орзу, ки ансамбл низ ба номи ӯ гузошта шудаст, сарвари он мебошад.

Гулчеҳра модари сахтгир аст. Ӯ мегӯяд дар хурдӣ писаронаш ҳатто ба “сархорӣ” вақт намеёфтанд, зеро саҳар ба мактаб мерафтанду шом дар мактаби ммодар буданд, яъне бо модар якҷоя дар маъракаҳо ширкат менамуданд. Ҳамин буд, ки ҳар яки онҳо имрӯз эътибори худро доранд.

Гулчеҳра аз фарзандони ҳунармандаш ҳамвора ифтихор дорад, ки тарбият ва заҳматҳои кардааш барабас нарафтаанд. Фарзандонаш имрӯз дар канораш ҳунарнамоӣ мекунанд ва пеш аз ҳама, дар пешрафт ва инкишофи санъати тоҷик саҳми боризи хешро гузошта истодаанд. Ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Содиқова бо ансамбли худ, қариб ба тамоми гӯшаҳои дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст ва мегӯяд дар оянда ҳам хоҳад кард.

Гулчеҳра Содиқова яке аз фалаксароёни номвари тоҷик ва таълимдидаи мактаби эҷодии ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим аст, ки дар байни мардуми натанҳо ҷумҳурӣ, балки берун аз марзҳо низ шуҳратёру шинохта гардидааст. Ӯ сарояндаи сирф мардумист, аз ин лиҳоз, тамоми паҳлуҳои ҳунараш, рафтору гуфтораш аз оғози фаъолият то имрӯз аз ҷавҳари фарҳангӣ моддиву маънавии мардум файзбор гаштааст.

Гулчеҳра Содиқова умри азизи худро фидои санъату ҳунар намуда, дар дунёи пурпечу тоби ҳунарварӣ бо комёбӣ ва сарфарозӣ мавқеъ ва мартабаи хешро дарёфтааст, ки дар воқеъ давомдиҳандаи мактаби бузурги устодаш-Одина Ҳошим мебошад.

Гулчеҳра мегӯяд саҳнаи нахустанаш ҳамон куҳҳову пуштаҳову дарёҳоянд, ки ӯ вақте садо сар медод онҳо акси садо мекарданд ва эҳтимол “ҳамовоз” мешуданд.

Соли 2008 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи бузурги мутахасисони варзида ва аҳли адабу фарҳанги кишвар нишону ҷоизаҳои ҳукуматӣ супурд, ки дар миёни дигарон ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Содиқова барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ эълон шуд.

Ҳоло ин зани соҳибмактабу соҳибмартаба дар ҳалқаи фарзандон давлати пирӣ меронад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE