Дастовардҳои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соли 2025

Соли 2025 барои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли пешрафтҳои назаррас ва таҳкими нуфузи илмӣ-маърифатӣ арзёбӣ мегардад. Аз муҳимтарин дастоварди сол тарҷума ва нашри ҷилди якуми китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат ҳастии миллат» ба забонҳои арабӣ, кореягӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ мебошад, ки дар муаррифии арзишҳои забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муҳим гузошт.

Дар доираи навсозии муҳтавои таълим ва мутобиқсозӣ ба талаботи бозори меҳнат, дар зинаи бакалавриат ихтисосҳои нави рӯзона ва фосилавӣ роҳандозӣ гардида, нақшаи қабул дар соли таҳсили 2025–2026 садфоиза иҷро шуд.  Айни замон донишгоҳ дар 8 факултет 6225 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки 65 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)» дар донишгоҳ Маркази инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон, Лингвопарк бо фарогирии садҳо забономӯз ба маркази фаъоли омӯзиши забонҳои хориҷӣ табдил гардид.

Донишгоҳ дар самти дастгирии иҷтимоии омӯзгорон ва донишҷӯён низ тадбирҳои муассир андешида, музди меҳнат 30 фоиз зиёд карда шуд ва садҳо донишҷӯ тариқи таҳсили ройгон ва квотаҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иттилоъ дода шуд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE