Чанд маълумоти аҷиб доир ба ҶБВ
1. Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ давоми 17 сол дар ҳудуди кишварҳои собиқ ИҶШС рӯзи ғалаба ҷашн гирифта намешуд. Нахустин маротиба ин идро соли 1965 таҷлил карданд. Аз ҳамон сол сар карда, 9 май дар тақвим рӯзи истироҳат эълон шуд.
2. Нахустин паради ғалаба 24 июни соли 1945 дар Москав баргузор гардидааст.
3. Блокадаи Ленинград (Санкт – Петербург ) 872 шабонарӯз давом карда буд.
4. 80 000 нафар офитсерзанон дар ҶБВ ширкат доштанд, ки аз ин шумора 87 нафарашон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуда буданд. Дар умум, дар даврони ҶБВ дар фронт аз 600 000 то 1 000 000 зан иштирок дошт.
5. Сагҳо дар майдони набард хазида – хазида мерафтанду ба ҷароҳатгирифтагон сумкаи тиббиро мерасониданд. Ҳамчунин, онҳо шахси мурда ва ё аз ҳуш рафтаро мешинохтанд. Ба ҳисоби миёна дар ин ҷанг 60 000 саг иштирок кардааст.
6. Қариб ҳамаи рӯзноманигорони дар ҶБВ ширкатварзида унвони «Қаҳрамони Советӣ»-ро соҳиб шуданд.
7. Гитлер на Сталин, балки нотиқ Юрий Левитанро душмани худ меҳисобид. Аз ин рӯ, овози Левитанро ҳеҷ гоҳ сабт намекарданд. Фақат соли 1950 барои таърих бо иҷозати роҳбарияти вақти Шӯравӣ онро сабт карданд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”