Мунтахаби Тоҷикистон дастаи Лубнонро мағлуб намуд
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври аввал бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голи ягонаи дидорро ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум зад. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.
28 октябр дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
31 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН