Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷавонони муваффақи кишвар иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасоз дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим доранд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои таҳсил, фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва касбӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE