Тағироти кадрӣ дар сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио
Дар сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон тағироти кадрӣ ба амал омад. Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2021 Исмоилзода Зинатулло Буҳрон аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
«Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, ки қаблан дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ фаъолият мекард, директори нави ин муассиса таъин гардид. Бо Қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тозагӣ ташкил гардида, қарор аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз ба пахши барномаҳои худ оғоз бахшад.
Зоириён Бахтиёр
САДОИ ДУШАНБЕ