30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,…
30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблии маҷлиси Ҳукумат ва масъалаҳои имрӯза, ҷалб намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарра, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026-2027, захираи маводи сухт ва хурокворӣ, ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта ва меваю сабзавот, кишти тирамоҳии ғалла, идома ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

