Айнӣ – аламбардори матбуоти тоҷик
Садриддин Айнӣ яке аз бунёдгузорони матбуоти тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳанӯз солҳои 1919 – 1920 навиштаҳояш дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” ба табъ мерасиданд. Ба таъбири муҳаққиқон Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ “дар таърихи тамаддуни асри 20-и тоҷикон Садриддин Айнӣ ҳамчунин аввалин нависанда, аввалин муаррих, аввалин адабиётшинос, аввалин муқарриз, аввалин публитсист ва аввалиш муҳаррир шинохта мешавад”.
Дар ин замина, маҳорати соддаю идрокпазир баён намудани андеша ва ошкорбаёниҳои Садриддин Айнӣ дар заминаи дониши фаррох ва робитаи зичи ӯ бо ҷомеа ба миён омада, руҳияи ислоҳотхоҳӣ ва тараққипарварӣ, маҳорати проблемагузорӣ ва нишон додани роҳи ҳалли мушкилотро дар замири публитсист инкишоф додааст.
Аз мутолиаи “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” аён мегардад, ки Садриддин Айнӣ нисбат ба ҳеҷ як мушкилоти мавҷудаи омма бетараф нест. “Дар Самарқанд, дар Тошкент мактабҳои миллии нав кушода шуд, дар Бухоро ҳам тотороне, ки дар он ҷо меистоданд, як мактаби хусусӣ барои фарзандони худ кушоданд. Баъзе касони бухороӣ ҳам, ки аз мактаби куҳна ба ҷон омада буданд, бачагони худро ба мактаби тоторҳо монданд. Ман он мактабро рафта дидам. Соли 1907 буд. Бачагони Бухоро, ки забони тоторӣ он тараф истад, ҳатто забони узбекиро намедонистанд, маҷбур буданд, ки забони тоторӣ хонанд. Ман ин ҳолро дида, ба бачагон раҳмам омад ва ба муаллими тотор гуфтам:
– Агар шумо розӣ шавед, ман дар мактаби шумо бепул хизмат карда, вазифаи тарҷимониро адо мекунам. Муаллим розӣ шуд. Ман ба кор даромадам…”.
Айнӣ ҳамчун рӯзноманигори адолатҷӯ дар навиштаҳояш, бахусус дар мақолаҳои танқидии хеш афкори худро ошкоро баён намуда, сабабгорони воқеаву ҷараёнро кушоду равшан нишон медиҳад. Масалан, дар мақолаи “Масъалаи Шарқ”, ки дар ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” (29 декабри соли 1919, №26) нашр шудааст, менависад, ки “… ба даст даровардани бозорҳои Шарқ ва соҳибӣ кардани хоки ҳосилхези Машриқзамин ва аз сарват ва аз давлат ҷудо карда, ба худ ғулом кардани аҳли Шарқро ва ҳар кадомашон саҳми бузургтар ва хубтар гирифтан аз Машриқзаминро фарангиён “масъалаи Шарқ” мегӯянд. Аҳли Шарқ дар ин солҳои охир ба беморе монанд буд, ки дар бистари мараз ба ҳолати эҳтизор хобида ва дар атрофаш ворисони чашмгурусна ҷамъ шуда, мунтазири баромадани ҷони бемор ва дар фикри бисёртар ҳисса рабудан аз моли мерос бошанд”.
Қобилияти тарҷимонии Айнӣ аз як тараф сатҳи огоҳиву ҷаҳонбинии публитсистро густариш диҳад, аз ҷониби дигар барои ташхис додан ва муқоисагузорӣ кардани вазъи иҷтимоии Аморати Бухоро бо дигар халқиятҳои ҷаҳон имконият медиҳад, ки маҷмуан барои инъикос намудани мушкилоти рӯз ва масъалагузорӣ кардани мавзӯъҳои мубрам боис мегардад. Масалан, дар мақолаи “Гургон гӯсфандро чӣ гуна пора карда, фурӯ бурданӣ?” (“Шуълаи инқилоб”, 26 августи соли 1920, №47) ӯ матлаберо аз рӯзномаи “Янги дунё” тарҷума ва нашр намудааст, ки мақсади муаллиф дар мисоли Туркия бедор намудани ҳисси худшиносиву ҳимояи манфиатҳои миллии тамоми мардуми Шарқ мебошад. “Мо низ барои фаҳмондани ин ки мутаффиқин, хусусан англисон беҳаёӣ ва бедодиро дар ҳаққи олами ислом ба чӣ поя расонидаанд, он нутқро айнан тарҷима мекунем: “Тамоми қитъаи Тарокия ба Юнонистон дода мешавад, ҳудуди Юнон ба соҳили баҳри Сиёҳ ва баҳри Мармара мерасад”. Афсӯс, ки ҳанӯз Туркия, Шарқ ва тамоми Осиё моликона, боғчаи мева ва манфиатҳои Аврупост!”.
Омили дигари масъалагузорӣ карда тавонистани мушкилоти иҷтимоӣ ва ошкорбаёнии Айнӣ ҳамчун рӯзноманигор ҷисману руҳан омода будани худи журналист дар мубориза бар зидди ҳама гуна зулму истибдод ва ноадолатиҳои мавҷуда мебошад. Далели инро аз маколаи “Аскарӣ ва ислом”, ки дар ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” (1 марти соли 1920, №32) ба табъ расидааст, оварда метавонем: “Оё мо озодии худро мехоҳем, ё намехоҳем? Оё мо соҳиб шудан ба ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро толиб ҳастем, ё нестем? Оё мо поймол нашудани зану фарзанд, аёл ва атфоли худро хосторем, ё не? Оё мо халосии олами исломро аз дасти аҷониб орзу мекунем, ё намекунем? Ба ин суолҳо хар туркистонӣ, ҳар мусулмон “мехоҳем!”, “толиб ҳастем!”, “хосторем!”, “орзу мекунем!” гуфта, ҷавоб хохад дод.
Модом, ки мо озодиро мехоҳем, модом, ки мо истиқлол ва имтиёзро толибем… хулоса, модом, ки мо аз мурдан ва аз зиндагии бадтар аз марг метарсем, бояд, ки имрӯзро ба фардо нагузошта, аз худ фирқаҳои ҳарбӣ ташкил диҳем…”
Бояд зикр кард, ки Айнӣ ҳамчун публитсист дар баробари пешниҳоди масъала ва дар ифодаи фикр ба фактҳои мушаххас такя намудан, ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилотро низ бо назардошти манфиати умум иброз медорад, ки арзиши иҷтимоии мақолаҳои ӯро баланд мебардорад. Масалан, дар мақолаи “Сайфу қалам” (“Шуълаи инқилоб”, 17 июни соли 1920, №40) ӯ ба таври мушаххас проблемаи бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии мардумро нисбат ба амният ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш, ки марбут ба сайфу қалам аст, инъикос намуда, дар хотима мардумро даъват менамояд, ки “агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯ хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кутох, агар мо ҳаёт хоҳем, бояд, ки фурсат нагузаронида, чанг ба домони сайфу қалам занем”.
Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ ҳамчун бунёдгузор ва густаришдиҳандаи матбуот ва журналистикаи тоҷик ҷиҳати проблемагузорӣ ва ошкорбаёнӣ ба факту далел ва арқоми боэътимод такя намуда, дар услуби возеҳи тарғиботӣ мардумро ба тараққипарварию бедорӣ даъват менамояд.
Аз навиштаҳои матбуотии Айни, бахусус мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” баръало аён мегардад, ки дар ҳимояи арзишҳои умумимиллӣ ва манфиати омма журналист аз чизе ва ё касе ҳарос надорад. Ӯ тамоми дониш ва ҷаҳонбиниву дарки ҳаёти иҷтимоии худро ба он равона менамояд, ки ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии мардумро бедор намуда, онҳоро барои ҳимояи ҳуқуқҳои хеш ва ислоҳотпарварӣ муттаҳид намояд.
Умедҷон ХОЛОВ,
“Садои Душанбе”