ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН…

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон, инчунин беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ноҳия бунёд гардидааст.

Барои сохтмони бино 1500 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2021 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом расонида шуданд.

Бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 8 утоқи корӣ, ва 2 толори маҷлис мебошад. Дар ошёнаи якум 3 утоқи корӣ, 1 ҳоҷатхона ва толори маҷлис, дар ошёнаи дуюм бошад 4 утоқи корӣ, 1 ҳоҷатхона ва толори маҷлис ҷойгир шудаанд.

Маблағи лоиҳавии сохтмони иншоот 5 миллиону 596 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Созанда-2012» ба анҷом расонидааст.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ барои кормандони хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шароити зарурии кориро фароҳам оварда, ба беҳтар намудани фаъолияти хизматрасонӣ дар соҳа мусоидат хоҳад кард

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE