Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Дар доираи он нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тибқи ин қарор, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаву ташкилоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он доир ба аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат бо иштироки коршиносони соҳа мулоқоту суҳбат ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

