Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ
Шаҳри Душанбе дар соли 2021 «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) «шаҳри сайёҳӣ» эълон шудааст. Ширкати «Турстат» – и Россия Душанберо ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил намуд.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки дар рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардааст.
Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои муассири шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз 6 феврали соли 2019 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз 17 майи соли 2019, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳия гардида, бо қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.
Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ як қатор тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии “Алишер Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Ҷавонон”, “Аҳмади Дониш” ва “Восеъ” сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии “С.Айнӣ”, “Кӯли Ҷавонон”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, “Хайём”, “Кӯдакон” ва “А.Мироненко” пурра азнавсозӣ гардидааст.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ (Санъо (Ҷумҳурии Яман); Лусака (Ҷумҳурии Замбия); Монастир (Ҷумҳурии Тунис); Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон); Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия); Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико); Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Санкт — Петербург (Федератсияи Россия); Минск (Ҷумҳурии Беларус); Урумчи (Ҷумҳурии Халқии Хитой); Анқара (Ҷумҳурии Туркия); Сямэн (Ҷумҳурии Халқии Хитой), Ашқобод (Туркманистон); Хайнан (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Чиндао (Ҷумҳурии Халқии Хитой) муносибатҳои дўстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамзамон, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
Албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”