Душанбе: даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» баргузор гардид

4 июн дар Муассисаи давлатии  «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» баргузор гардид.

Дар Фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти  шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода зикр кард, ки  мақсади асосии баргузории Фестивали «Атласу адрас» арҷ гузоштан ба либоси миллӣ,  баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллист, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин тарғиби  санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом», «Сипоснома»  ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки  даври шаҳрии фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадима,  кӯдакона,  рӯзмарра,  либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ иборат буда, он аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.

Хотиррасон мешавем, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.

Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE