Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Дебора Лионс
30 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Дебора Лионсро, ки ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба сулҳи Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории муштарак барои мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар, роҷеъ ба аҳамияти муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ изҳори назар карданд.