Маҳмадтоир Зокирзода бо Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуд
Вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарлумонии ин ду давлати ба ҳам дӯст имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «Шумо ва ҳайати муҳтарами Шуморо дар ҳошияи нишасти вазирони Қалби Осиё — Раванди Истанбул ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям. Умед аз он дорам, ки нишасти вазирони Қалби Осиё — Раванди Истанбул барои кишварҳои иштироккунанда, бахусус Афғонистон муфид хоҳад буд. Вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва Раванди Истанбулро мо ҳамчун як механизм барои мусоидат намудан ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ва амнияти минтақавӣ тавассути муколама ва таҳкими эътимод медонем.
Қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳофарӣ, махсусан аз музокироти сулҳи байни афғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон истиқбол менамояд».
«Истиқрори сулҳ дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа пайомадҳои нек меорад ва то имрӯз Тоҷикистон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвари ба мо дӯсту ҳамсарҳад дар татбиқи чандин лоиҳаҳои муштараки минтақавии марбут ба Афғонистон саҳм гузоштааст.Мо нақши мусбати Ҳиндустонро дар кумакҳои муассир ба Афғонистон, аз ҷумла сохтмони инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, муассисаҳои идоракунӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва чораҳои эътимод баланд арзёбӣ менамоем»,-афзуд Маҳмадтоир Зокирзода
Ҳамчунин зикр гардид, ки тӯли бисту нуҳ соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Ҳиндустон равобити худро дар доираи ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ ба роҳ монда, пояи шартномавию ҳуқуқии худро ба 71 санади ҳамкорӣ расонидаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, таъкид намуд, ки «имрӯз мо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон қаноатманд ҳастем ва новобаста аз фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Ҳиндустон, тааҳҳуди худро ҷиҳати бозҳам густариш ва тақвият додани ҳамкории стратегӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду рифоҳи иқтисодии ду кишвар ва минтақа баён менамоем».
Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки ҳамкории гуногунҷанбаро бо Ҳиндустон қадр мекунем ва умедворем, ки 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро соли оянда бо баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи олӣ ҷашн гирем. Аз ин рӯ, мо омодагии худро ҷиҳати истифодаи имконоти мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда иброз менамоем ва сармоягузорони ҳиндустониро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват менамоем.
Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкорӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2020 байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил карда шудааст. Дар ин замина Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро ҷиҳати дар тамоси доимӣ қарор гирифтани намояндагони Гурӯҳи дӯстӣ бо Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон изҳор медорад.
-Мутмаинам, ки шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон минбаъд низ бемайлон ба манфиати давлатҳоямон, ба нафъи халқҳоямон ва тамоми минтақа рушд хоҳад кард,- гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.