Мулоқоти Завқизода бо ҳамтои белорусаш
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 5 апрел бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Иброз гардид, ки Беларус яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 54,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 25,9 миллион доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, ширӣ ва васлу насби мошинҳои «МАЗ» дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.