Душанбе: намоишгоҳи «Made in Belarus» ифтитоҳ ёфт

 Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Беларус бо номи «Истеҳсоли Беларус» («Made in Belarus») ифтитоҳ шуд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

40 корхона ва ташкилоти Беларусия дастовардҳои соҳаҳои мухталифро пешниҳод мекунанд: маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокиҳо, таркибҳои ғизоӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ, мошинсозии кишоварзӣ, дамгирӣ ва сайёҳии тиббӣ.

Барномаи намоишгоҳро форуми тиҷоратии «Тоҷикистон — Беларус — Афғонистон» ва форуми аграрии «TajBelAgro», ки 6 ва 7 апрел баргузор мешаванд, пурра мекунанд.

Чорабиниҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус бахшида шудаанд.

Аз Беларус ба Душанбе ҳайати бонуфуз омадааст, ки ба он Вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ Иван Крупко, раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Владимир Улахович, муовини Вазири саноат Александр Огородников, муовини Вазири варзиш ва сайёҳӣ Михаил Портной, муовини Раиси Консерни давлатии Беларус оид ба саноати хӯрокворӣ Александр Яковчитс, инчунин намояндагони роҳбарияти вазоратҳо, минтақаҳо ва корхонаҳои бузурги Беларус шомил мебошанд ва дар намоишгоҳ ва ду форум иштирок хоҳанд кард.

Намоишгоҳ барои доираҳои тиҷоратии се кишвар — Тоҷикистон, Беларус, Афғонистон баргузор мешавад. Нигораҳо дар шакли муаррифӣ пешниҳод карда мешаванд, чошнӣ ва фурӯши чаканаи маҳсулоти Беларус пешбинӣ нашудааст.

Ташкилкунандаи намоишгоҳи «Made in Belarus» ширкати намоишии «Belinterexpo» -и Палатаи савдо ва саноати Беларус мебошад. амаи чорабиниҳо бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE