Номовари таърих
Марди ҳақшинос, родмарди шуҷоъ, номовари миллат, инсоне, ки тақдиру қисмати худро барои миллат бахшид … Аҳли маънӣ хуб медонанд, ки андешаҳои маорифпарваронаи устод Айнӣ танҳо ба хотири саводнок гардонидани ҷомеа равона карда шуда буд. Ӯ ҳамчун омӯзгор мехост насли наврас аз илму дониш бебаҳра намонанд. Мехост мардум ба дабистонҳои шакли нав омада. тезтар соҳиби илму савод гарданд, китоб хонанд, соҳибмаърифат бошанд.
Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми дар мадраса хонданаш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст: 1. таълим дар мактабҳои усули нав; 2. таълифи китобҳои дарсӣ.
Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Рӯзи 8 ноябри соли 1908 вақте дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории ин устоди равшанфикр васеътар гардид.
Таҷрибаи пурсамари омӯзгориаш ба Айнии донишманд имкон дод, ки барои толибилмон китобҳои зарурии дарсӣ таълиф намояд. «Тартил – ул – қуръон» (1909), «Заруриёти диния» (1914) ва «Таҳзиб – ус – сибён» (1910) далели гуфтаҳои болоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин китобҳо аз нигоҳи илмиву услубӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводи таълимиву тарбиявӣ ҷолибанд. Устод Айнӣ тавассути ҳакояҳои ин китобҳо, муҳассилинро ба некӣ кардан, бунёди зиндагии шоиста бо меҳнати ҳалол ва роҳ надодан ба исрофкорӣ даъват намуда, бо ин васила мехост дар сарзамини аҷдодиаш миллати ободро бунёд намояд.
Ба ақидаи устод Айнӣ тамоми хислатҳои хуби инсониро танҳо омӯзгор метавонад бо лафзи ширинаш дар дили наврасон бедор намояд. Дар воқеъ, Садриддин Айнӣ мударрисе буд худогоҳ, арҷгузорандаи оину суннатҳои миллӣ ва аз ҳама муҳимаш посдорандаи забони тоҷикӣ. Тавре ки аз маълумотҳо дар бораи зиндагиномаи устод бармеояд, ӯ ҳангоми фаъолияти омӯзгорӣ орзу дошт, ки толибагони тоҷик бо забони модарии худ таълим гиранд ва забони тоҷикиро ҳамчун нишонаи асосии ҳастии миллати худ донанд. Бале, ҳамин хостаҳои Айнии ҳақнигор ӯро пуштибони забони тоҷикӣ кард.
Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо дифоъ аз марзу бум ва забону фарҳанг ниҳоят душвор буд. Аммо, Айнӣ ба ин ҳама кашмакашиҳо нигоҳ накарда, забони тоҷикиро аз баҳсҳои душманон раҳо намуд. Ӯ ҳамчун устоди сухан ва донишманди забони тоҷикӣ барои пурра инъикос кардани ҷараёни ҳаёти ҳозира мубориза бурда, боигарии забони калассикӣ ва забони умумихалқии гуфтугӯии тоҷикро устодона бо ҳам омехт ва бо ин забон асарҳои машҳури худро офарид, ки онҳо сарчашмаи муҳими забони ҳозираи тоҷик ба шумор мераванд.
Ҳанӯз аввалин асари насрии ӯ “Одина” барои ҳамаи аҳли савод, хусусан барои нависандагони ҷавони тоҷик, дар роҳи омӯхтани забони ҳозираи адабии тоҷик сармашқ гардида буд. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов мегӯяд, «дар омӯхтани забони адабии тоҷикӣ «Одина» ба ҳазорон ҷавонони тоҷик ёрмандии калон кард. Мо ба хонандаи он якумин бор тамоми зебогии забони софи адабии насри оммафаҳми тоҷикро ҳис кардем».
Инкишофи тадриҷии забон ва услуби эҷодии Садриддин Айнӣ аз «Одина» то «Ёддоштҳо» дар таърихи забони ҳозираи адабӣ ва забону услуби адабиёти советии тоҷик саҳифаи дурахшони тараққиёти эҷодӣ ва комъёбии бузурги илмӣ – адабии мо мебошад.
Устод Айнӣ агар дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» бештар ба таври мушаххас дар бораи намояндагони маъруфи шеъру адаби тоҷик маълумоти лозимиро оварда бошад, пас дар чандин асарҳои таърихиаш чун «Исёни Муқанаъ» ба таърих бори дигар рӯ оварда, шуҷоату далерӣ, матонату кордонӣ, сарлашкарӣ ва ғаюрии халқамонро дар такя ба асноди таърихӣ мисолҳои зиёди равшан оварда, собит кардааст, ки ин мардум дар ҳама давр худ муҳофизи хеш буда, ба қавли асари донишманди эронӣ “Адиб-ул-мамолик” – и Фароҳонӣ «Аз подшоҳон боҷ ва аз дарё амвоҷ гирифтаанд».
Айнии закитабъ қаҳрамони Тоҷикистон буд. Дар ҳақиқат, баробари нотарсона навиштани таърихномаи миллат, ӯ худ аллакай он солҳо чун тамоми сарсупурдагони миллат қаҳрамон буд. Оре, ӯ шоистаи ҳамин ном буду рӯзгори хоксоронаи қаҳрамонона дошт. Ҷоннисориҳояш аз тарафи соҳибватанон қадршиносӣ шуд.
Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро маҳз ба устод Айнӣ сазовор дониста, ҳамчунин бо азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи асосгузори адабиёти Шӯравии тоҷик онҷо қарор дорад, руҳи ӯро шод намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади абадӣ пос доштани хотираи неки ин номовари миллат дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, чанде аз кӯчаву хиёбон ва муассисаҳои фарҳангӣ ба номи ин чеҳраи мондагори миллат гузошта шуд. Ҳамчунин, калонтарин театр – театри опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ гузошта шудаанд.
Таҷлили 140 – солагии устод Айнӣ аз зумраи корҳои хайру нек буда, гиромидошташ ба насли имрӯзу оянда сабақи пандомӯзу зиндагияш ибратомӯз мебошад.
Умедҷон ХОЛОВ,
“Садои Душанбе”