Хонандаи синфи 2 ғолиби Озмуни байналмилалии адабӣ – бадеӣ

Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 нафар иштирокчиён аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи якум ва роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Артек» гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад. 

Ба ин муносибат раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ғолиби озмун Алия Қурбоналиеваро бо дастоварди назаррас табрик намуда, ғолиби озмун, директори муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва падару модари хонандаро бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.

Озмуни мазкур ба таври онлайн сурат гирифта, аз ду номина- видеои қироати шеърҳо аз ашъори шоири рус ва таҳияи албоми мавзӯӣ иборат буд.

Дар озмун 19 нафар хонандагони мактаби №5 шаҳри Норак видеороликҳо аз ашъори Агния Барто ва расмҳои кашидаи худро ба ин озмун фиристоданд. Аз миёни онҳо Алия соҳиби ҷои аввал гардид. Хонандагони дигари ин мактаб барои иштирок дар озмун бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Муаллима Гулшан Мусоева низ барои тайёр намудани иштирокчиёни озмун бо Диплом қадрдонӣ шуд.

Мақсади Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ- дарёфт ва дастгирӣ намудани иштирокчиёнест, ки сатҳи баланди тайёрӣ ва қобилияти фавқулодаро дар соҳаи забони русӣ, адабиёти рус, санъати тасвирӣ, санъати суханварӣ ва маҳорати театрӣ дороянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE