Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Анн Линде

Имрӯз  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон муҳокима намуданд.

Мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири бемории ҳамагири COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳоро таъкид намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

Дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имконоти фаровон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE